Дар асоси дастури роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, инчунин бахшида ба Рӯзи пойтахт, дар соҳили дарёи Кофарниҳон аксияи экологӣ таҳти унвони «Тозагии соҳил» баргузор гардид.
Дар ҷараёни аксияи мазкур, ки бо иштироки кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва аъзоёни Клуби волонтёрони назди Раиси шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуд, соҳили дарё аз партовҳои сахти маишӣ ва пластикӣ пурра тоза карда шуд. Дар маҷмӯъ, беш аз 20 м³ партов ҷамъоварӣ гардида, ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд.
Бешубҳа, баргузор намудани чунин тадбирҳои экологӣ имкон фароҳам меорад, ки ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, инчунин соҳили дарёву каналҳо тоза нигоҳ дошта шаванд. Ҳамзамон, ин иқдом ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва тарбияи муҳити зист дар ҷомеа мусоидат менамояд.