Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи экологӣ таҳти унвони «Тозагии соҳил - 2026» дар шаҳри Ҳисор ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, Корхонаи манзилию коммуналӣ, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ҳисор иштирок намуданд.
Аксияи мазкур дар соҳили дарёи Чангоб баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани соҳилҳо мебошад.
Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда 12,4 метри мукааб партов ҷамъоварӣ гардида, тавассути нақлиёти махсус ба партовгоҳи расмии шаҳр интиқол дода шуд.
Ташкили чунин чорабиниҳо барои беҳдошти вазъи экологӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои ҷамъиятӣ аҳамияти муҳим дорад.