Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва беҳтар намудани муҳити зист, дар ноҳияҳои Ванҷу Шуғнон ва шаҳри Хоруғ маъракаҳои ниҳолшинонӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ ва роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ баргузор гардид.
Дар ноҳияи Шуғнон чорабинии мазкур бо иштироки муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раиси ноҳия сурат гирифт. Зимни чорабинӣ таъкид карда шуд, ки чунин иқдомҳо барои зебоии муҳити зист ва рушди корҳои ободониву созандагӣ аҳаммияти калон дорад.
Дар идомаи ин тадбирҳо, дар шаҳри Хоруғ маъракаи ниҳолшинонӣ бахшида ба Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он муовини раиси вилоят ва раиси шаҳр иштирок намуданд. Дар рафти чорабинӣ, дар ду тарафи роҳи байналмилалии шаҳр ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шуданд.
Ҳамзамон, дар ноҳияи Ванҷ низ чорабинии ниҳолшинонӣ бо иштироки раиси ноҳия ва кормандони идораву муассисаҳо сурат гирифта, ҳадафи он беҳтар намудани муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар ободонии ноҳия арзёбӣ гардид. Иштирокдорон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ дар сабзгардонии муҳити зист саҳми назаррас гузошта, аҳаммияти ҳифзи табиатро муҳим донистанд.
Баргузории чунин маъракаҳо қадами муҳим дар самти ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва ободонии шаҳру ноҳияҳо ба ҳисоб меравад.