8 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи "Руми", маросими ифтитоҳи расмии лоиҳаи «Барномаи ҳамгиро оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо ва рушди сардкунии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурзода Исфандиёр, инчунин намояндагони шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гардида, аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ маблағгузорӣ мегардад.
Ҳадафи калидии лоиҳа коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо - газҳои дорои таъсири баланди гармхонаӣ - то 70 фоиз то соли 2029 мебошад. Ин тадбир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи татбиқи лоиҳа таваҷҷуҳи асосӣ ба як қатор самтҳои муҳим равона мегардад, аз ҷумла:
– такмил додани заминаи меъёриву ҳуқуқӣ;
– рушди иқтидори касбии мутахассисони соҳаи сардкунӣ;
– ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, каммасраф ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар.
Ҳамзамон, дар раванди татбиқи лоиҳа ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва ҷалби фаъоли занон ба фаъолияти экологӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Лоиҳа барои солҳои 2026 - 2030 пешбинӣ гардида, дар доираи механизми татбиқи миллӣ амалӣ карда мешавад. Дар натиҷаи татбиқи муваффақонаи лоиҳа интизор меравад: - сатҳи истеъмол ва ихроҷи гидрофторкарбонҳо коҳиш ёбад:
– иқтидори миллӣ дар самти сардкунии устувор тақвият пайдо намояд;
– сармоягузориҳои бахши хусусӣ ҷалб гарданд;
– пешрафти назаррас дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ таъмин карда шавад.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор таъкид намуданд.