Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Баланд намудани сатҳи огоҳонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он» бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногун, коршиносон, донишҷӯён ва кормандони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Семинар аз тарафи Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар доираи лоиҳаи «Раванди тавомандсозии самарабахши Нақшаи миллии мутобиқшавӣ (NAP) дар Тоҷикистон”, ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти семинар коршиносон доир ба бештар намудани сатҳи огоҳонидани аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим, мутобиқшавӣ дар сатҳи ҷомеа, таъсири он ба гурӯҳҳои осебпазир ва пайомадҳои он, бурдани корҳои ташвиқотӣ баромадҳо намуданд.
Иштирокчиён фаъолона дар гурӯҳҳо кор карда, роҳҳои амалии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро мавриди омӯзиш қарор доданд ва пешниҳоду тавсияҳои худро барои беҳтар намудани вазъ баён намуда, омодагии худро барои татбиқи донишҳои гирифташуда дар амал изҳор доштанд.