7 апрели соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо намояндагони Бонки Осиёгии Рушд, аз ҷумла Ҷиянфэн Чжан - директори гурӯҳии Осиёи Ҷанубу Шарқ ва Уқёнуси Ороми Дафтари бахши кишоварзӣ, озуқаворӣ, табиат ва рушди деҳот, Раёсати бахшҳои 2-и Бонки Рушди Осиё баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, беҳтар намудани сифати ҳавои атмосферӣ ва такмили низоми идоракунии партовҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки густариши ҳамкориҳои судманд дар ин самт барои таъмини рушди устувор ва беҳдошти вазъи экологии кишвар аҳамияти хосса дорад.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон», ки дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёгии Рушд таҳия гардидааст, муҳокима гардиданд. Зикр шуд, ки барномаи мазкур ба ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ равона шудааст.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи муштараки лоиҳаҳои экологӣ баён намуда, аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолиятҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист таъкид карданд.