6 апрели соли 2026 дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ Ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бо риояи расму русуми аҷдодӣ ва дар фазои хоси идона таҷлил гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер, раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо ва муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ иштирок намуданд. Меҳмонон нахуст аз намоиши маҳсулоти дастранҷи ҳунармандони маҳаллӣ дидан карда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва тантанаи некӣ бар бадӣ мебошад. Қайд карда шуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ гирифта, имрӯз дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил мегардад.
Дар баробари чорабиниҳои фарҳангӣ, бахши муҳими таҷлили Наврӯзро мусобиқаҳои варзишӣ ташкил доданд. Аз ҷумла, мусобиқаҳои гӯштингирӣ ва волейбол бо иштироки варзишгарони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардида, дар онҳо паҳлавонон маҳорати баланд, ҷасорат ва омодагии хуби ҷисмонии худро нишон доданд. Ҷолиби диққат буд, ки дар баробари ҷавонмардон духтарон низ фаъолона иштирок намуда, қобилияти варзишии худро ба намоиш гузоштанд.
Мусобиқаҳо дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ сурат гирифта, ғолибон аз ҷониби доварон одилона муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Барномаи рангини фарҳангии аҳли ҳунари вилоят анҷомбахши чорабиниҳои идона гардид.