7 апрели соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи мазкур Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Радослав Дарски баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумита ҳайати Иттиҳоди Аврупоро бо сохтор ва фаъолияти Кумита шинос намуда, зикр гардид, ки назорати давлатии ҳифзи захираҳои об, мониторинги обҳои партов ва фаъолияти озмоишгоҳи назорати таҳлилӣ аз самтҳои асосии кори Кумита ба шумор мераванд. Ҳамчунин, раиси Кумита дар бораи омода гардидани нашри нави Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ҳамзамон, дар рафти мулоқот фаъолияти Кумита оид ба ҳифз ва рушди минтақаҳои махсус ҳифзшавандаи табиӣ баррасӣ гардид. Инчунин, ниятҳо оид ба таҳияи масирҳои нави экологӣ барои сайёҳон қайд карда шуданд.
Сафири Иттиҳоди Аврупо таъкид намуд, ки табиати Тоҷикистон бо пиряхҳои азим, кӯлҳо, ҷангалҳо ва гуногунрангии олами ҳайвонот беназир мебошад. Иттиҳоди Аврупо ташаббусҳои сабзгардонии қаламрави ҷумҳуриро дастгирӣ менамояд, ки ба таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад.
Ҳамчунин омодагии Иттиҳоди Аврупо Радослав Дарски барои ҳамкорӣ дар самтҳои мубориза бо ифлосшавии ҳаво, идоракунии партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳо ва тақвияти маърифати экологӣ миёни аҳолӣ баён гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самтҳои зикршуда ба хотири беҳтар намудани вазъи муҳити зист дар Тоҷикистон ҳамкориро тақвият мебахшанд.