Бо мақсади иҷрои фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 2026, №13 «Дар бораи гузаронидани ҳисоботи нақшавии саршумори морхӯр дар соли 2026», дар як қатор минтақаҳои муҳими табиии кишвар корҳои ҳисобгирии ин намуди нодири ҳайвонот ба роҳ монда шуд.
Ҳисоботи саршумори морхӯри кӯҳи аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо ниҳоду муассисаҳои илмии марбутаи ҷумҳурӣ ва хоҷагиии шикор гузаронида шуд.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар мавзеи сукунати ҷонварони нодир барои муайян намудани вазъи воқеии саршумори морхӯри кӯҳи, ҳифзи гуногунии биологӣ ва таҳияи тадбирҳои минбаъдаи муҳофизати ин намуди нодир аҳамияти муҳим дорад.
Натиҷаҳои бадастомада барои банақшагирии чораҳои ҳифз ва идоракунии захираҳои табиӣ дар оянда заминаи мусоид фароҳам меоранд.