Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси Кумита доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳо дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласаҳои ҷамъбастӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист баргузор гардид.
Аз ҷумла, ҷаласаҳои ҷамъбастӣ дар Агентии обуҳавошиносӣ, сарраёсатҳои ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, шуъбаю бахшҳои НТМ, сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва марказу муассисаҳо бо иштироки муовини якуми раиси Кумита Шукурзода Исфандиёр, инчунин ҷаласаҳои МД “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, Маркази назорати таҳлилию ташхисӣ ва дигар сохторҳои сарпарастӣ бо иштироки муовини раис Раҳмонзода Лоиқ ва дигар масъулини соҳа доир гардид, ки ҳадаф аз онҳо ҷамъбасти натиҷаҳо, муайян намудани камбудиҳо ва самтҳои афзалиятнок барои давраҳои минбаъда мебошад.
Дар ҷаласаҳо фаъолияти соҳа дар семоҳаи якуми соли 2026 дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ гардида, таъкид карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву сабзазоркунӣ бояд боз ҳам тақвият дода шаванд. Ҳадаф аз ин тадбирҳо таъмини муҳити зисти солим ва истиқболи сазовори ҷашни миллӣ бо дастовардҳои назарраси созандагӣ мебошад.