Кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд иди Наврӯзи байналмилалиро ботантана бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Бо суханони табрикотӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Холзода Суҳроб Хол қайд намуд ,ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва 16 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра ҳамчун иди байналмилалӣ қайд карда мешавад.
Наврӯз таърих ва арзишҳои дурахшони тамаддунҳои башарист, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро дар худ нигоҳ доштааст. Бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби ҳамватанонамон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст.
Дар Наврӯзи имсола зерсохторҳои Сарраёсат хони наврӯзиро ба намоиш гузошта, кормандон дар мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бандкашӣ, дастхобонӣ, байни занон угробурӣ ва дигар бозиҳои наврӯзӣ фаъолона иштирок доштанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ сардори Сарраёсат Холзода Суҳроб Хол барои оростани беҳтарин дастархони наврӯзӣ, ғолибони мусобиқаҳо ва фаъолонро бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.