30 марти соли 2026 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми раиси Кумитаи мазкур Шукурзода Исфандиёр Шукур ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар моҳи марти соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои асноди назоратӣ, қарорҳои мушовара, протоколҳои ҷаласаҳои ҳарҳафтаина ва инчунин рафти татбиқи нақшаҳои дахлдори соҳавӣ муҳокима гардиданд. Масъулин оид ба ҳар як самт ҳисобот пешниҳод намуда, оид ба камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои бартарафсозии онҳо андешаронӣ карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа, бо назардошти натиҷаҳои баррасишуда, қарори дахлдор қабул гардида, ба сохторҳои марбута ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои гузошташуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.