Бо мақсади тақвияти назорати давлатии истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъмини риояи талаботи қонунгузории амалкунанда, нозирони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт амалиёти фаврӣ баргузор намуданд.
Дар ҷараёни чорабиниҳо дар ҳудуди ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод ва Рашт ҳолати истифодаи захираҳои табиӣ, риояи қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ва пешгирии қонунвайронкуниҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Зимни гузаронидани амалиёти фаврӣ нисбати 13 нафар барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ протоколҳои дахлдор тартиб дода шуданд. Протоколҳои мазкур асосан барои шикори ғайриқонунии кабк, нигоҳдорӣ ва интиқоли моҳӣ дар давраи манъшудаи тухмгузорӣ, инчунин решакан намудани растаниҳои шифобахш тартиб дода шудаанд.
Қобили зикр аст, ки тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши захираҳои моҳӣ муваққатан манъ гардидааст.
Ҳамзамон ба шаҳрвандон ва истифодабарандагони захираҳои табиӣ оид ба зарурати ҳифзи олами набототу ҳайвонот, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва риояи талаботи қонунгузории экологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъкид менамояд, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ дар дигар минтақаҳои кишвар идома ёфта, барои ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории гуногунии биологӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.