18 марти соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса ва хушу хотирмон таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ иштирок намуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зистро ба ин ҷашни бузургӣ миллӣ табрику муборакбод намуда, Наврӯз ва мақому манзалати онро дар кишвари соҳибистиқлоламон ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ таъкид карданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки Наврӯз ҷашни табиат буда, назофату зебоӣ, нуру зиё, ростию хушахлоқиро дар худ таҷассум намудааст. Ба вижа, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ба ҳукми анъана даромада, ба ин васила ҷодаҳо сарсабзу хуррам мегарданд. Ин аз якдилию муттаҳидии мардуми сарбаланди мо шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон суханронӣ намуда, зимни суханони табрикотии худ ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати мақоми байналмилалӣ гирифтани Ҷашни Наврӯз, муаррифии миллати тоҷик ва анъанаҳои неки ниёгонамон ба ҷаҳониён, қабул гардидани қатъномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу экология, аз ҷумла пиряхҳо шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ, муовини аввали Раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, роҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоири ширинкалом Рудобаи Мукаррам суханронӣ намуда, ҳамзамон шеърҳои тозаэҷоди хешро дар васфи Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, баҳору Наврӯз қироат намуданд.
Дар идома, деҳқону маликаи Наврӯз ба чорабинӣ ҳусни хосса зам намуданд. Инчунин, ба тариқи монитор лавҳаҳо дар бораи суннатҳои неки наврӯзӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Ба ғолибини бозиҳои шоҳмоту шашкӣ, дастхобонӣ ва ороиши дастархони наврӯзӣ сипосномаю ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Пас аз дидани гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва хонҳои таомҳои миллӣ бо ороиши хонӣ ҳафтсину ҳафтшин ба ташкилкунандагон баҳои баланд дода шуд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ иштирокдорон бо шукргузорӣ аз файзи Истиқлол гирди дастархони идонаи наврӯзӣ ба ҳам омада, ҳунармандони санъат бо суруду таронаҳои дилошуб дар васфи Ватан ва ишқу муҳаббат хотири ҳозиринро шод гардониданд.
Дар чорабинӣ намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва шарикони рушд низ иштирок намуда, ба анъанаҳои миллии аз ниёгони мо монда аз наздик шинос шуда, баҳраманд гардиданд.