Ба ифтихори 21 март - Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо дар Агентии обуҳавошиносӣ конфронси миллии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пиряхҳо, иқлим ва захираҳои об мушкилоти муосир ва ҳамкории байналмилалӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумат, доираҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар суханрониҳо аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об таъкид карда шуд.
Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои вазъи пиряхҳо, мониторинги захираҳои об, таҳқиқоти криосфера ва ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба таҳияи тавсияҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкории илмӣ зоҳир карда шуд.