14 марти соли 2026 бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Варзоб, дар доираи татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, иҷрои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва Барномаи давлатии кабудизоркунӣ, инчунин ба муносибати эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ», аксияҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ», «Тозагии соҳил» ва маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардиданд.
Маъракаи мазкур дар талу теппаҳои Ҷамоати деҳоти Варзоб Қалъа, деҳаи Шафтимиҷгони ноҳияи Варзоб бо иштироки Раиси ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони сохторҳои дахлдор ва беш аз 130 нафар сокинон баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин маърака зиёда аз 50 бех ниҳоли арчаи навъи мажавелник бо риояи талаботи агротехникӣ шинонида шуда, барои нигоҳубин ва сабзиши минбаъдаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Чорабинии мазкур тавассути шабакаҳои телевизионӣ инъикос гардид.