30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кали Ҷумҳурии Колумбия ҷаласаи пленарии Конфронси 16-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ (COP-16) баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок намуда, бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Чораҳои фаврӣ оид ба татбиқи барномаи чаҳорчӯбаи гуногунии биологӣ Кунмин-Монреал» баромад намуд.
Дар суханронии худ Раиси Кумита қайд кард, ки Тоҷикистон, бо дарки авлавияти баланди ҳифзи гуногунии биологии миллӣ дар минтақа, яке аз аввалинҳо шуда соли 1997 ба Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ҳамроҳ шудааст. Иродаи сиёсӣ ва мавқеи устувори кишвар, ки дар паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос меёбад, нишони омодагӣ ва садоқати миллӣ ба ҳифзи сарватҳои табиӣ ҳамчун манбаи асосӣ барои рушди минбаъдаи устувор мебошад.
Дар робита ба гуфтаҳои боло таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон пайваста иқдомотро дар самти рушди устувор роҳандозӣ намуда, мекӯшад, ки авлавиятҳои миллӣ бо ҳадафҳои ҷаҳонии рушди устувор ҳамоҳанг гарданд. Дар ин замина иҷрои ӯҳдадориҳо дар доираи Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ ва протоколҳои он яке аз тадбирҳои аввалиндараҷа маҳсуб ёфта, ба ҳифзи экосистемаҳои арзишманд, ҷузъҳои биологии онҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат мекунад.