13 марти соли 2026 дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи мазкур Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо директори Барномаи ҷаҳонии озуқавории Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Симон Холлема баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои ҷорӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро дар самти ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани устувории иқлимӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор доданд.
Яке аз масъалаҳои калидии мулоқот лоиҳаи нави «Баланд бардоштани устувории иқлимии ҷомеаҳои осебпазир дар Тоҷикистон тавассути мутобиқшавии маҳаллӣ» буд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузори Кумита таҳия гардида, айни замон ҷиҳати баррасӣ ба Фонди иқлими сабз (GCF) пешниҳод шудааст.
Пас аз анҷоми мулоқот ҳайати Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ аз Маркази рақамикунонӣ ва инноватсияҳои Кумитаи боздид ба амал оварданд.
Дар фарҷоми мулоқот раиси Кумита ҷаноби Симон Холлемаро ба муносибати таъйин гардиданаш ба ин вазифа табрик гуфта, ба Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои дастгирии пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳамзамон, пас аз мулоқот аксияи муштараки ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки ба ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, инчунин дастгирии ташаббусҳои экологӣ равона карда шудааст.