13 марти соли равон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040 ва Нақшаи амали он барои солҳои 2025 - 2027 сурат гирифт ва бо мақсади сабзу хуррамгардонии муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати экологӣ ва ободу зебо кардани минтақаи деҳот ташкил шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ, муовини раиси ноҳияи Ёвон, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, инчунин кормандони соҳа ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Дар доираи чорабинӣ 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд, ки барои афзоиши майдонҳои сабз ва ободонии муҳити зист саҳми назаррас гузошт. Ҳамзамон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Даҳана аксияи "Тозагии маҳал" доир гардид, ки иштирокчиён бо тоза кардани гирду атроф, ҷамъоварии партовҳо ва ободу зебо кардани муҳити зист саҳми фаъолона нишон доданд.
Ин чорабинӣ намунаи барҷастаи ҳамкории мақомот ва ҷомеаи маҳаллӣ дар пешбурди тарзи ҳаёти сабз ва ҳифзи муҳити зист мебошад.