Дар миқёси вилояти Суғд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи "Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040" маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром идома дорад.
Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шоҳроҳи ноҳияи Деваштич ҷамоати деҳоти Даштикон бо иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоат ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.
Дар ноҳияи мазкур дар умум то кунун 11 300 бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуда, тибқи нақша соли равон шинонидани 48 000 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда пешбинӣ гардидааст.