Бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардида, дар мавзеъҳои муайяншудаи ноҳияҳои мазкур зиёда аз 5 000 ҳазор ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд.
Инчунин, тавияҳои судманд ҷиҳати нашъунамои ниҳолони шинонидашуда ба масъулон дода шуданд.
Айни замон бо истифода аз ҳавои мусоид дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иқдомҳои амалии ниҳолшинонву кабудизоркунӣ дар доираи ҳадафҳои нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар Тоҷикистон то соли 2040 бомаром идома дорад.
Ҳамзамон, корҳои ободониву созандагӣ, тозагиву озодагӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни байнналмилаии Наврӯз вусъати тоза касб намудааст.