Дар толори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2020, № 471 вобаста ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳити зист, доир ба амалисозии лоиҳаи «Намоишдиҳии коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дихлордифинил-трихлорэтан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» аз ҷониби МД «Маркази миллии иҷрои уҳдадориҳои Конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ»-и Кумита якҷоя бо ташкилоти ғайридавлатии «Пешсаф» семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар кори семинар нозирони дастгоҳи марказии сарраёсат ва шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Тибқи барнома дар ҷараёни семинар ба иштирокчиён доир ба асоси ҳуқуқӣ барои иҷозатномадиҳӣ, хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба идоракунии партовҳои хатарнок, шартҳои иҷозатнома ва иҷозатномаҳои марбут ба он, назорати иҷозатномадиҳӣ, бекор кардан ва боздоштани амали иҷозатнома, муқаррароти машваратӣ оид ба иҷозатномадиҳӣ, сӯзонидани партовҳо, намудҳои санҷишҳо, банақшагирӣ ва гузаронидани санҷиш, талабот ва ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ, воҳидҳои махсуси идоракунӣ баромадҳо пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист фикру мулоҳизаҳояшонро доир ба мавзуҳои болозикр баён намуда, ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.