10 марти соли ҷорӣ дар толори маҷлисгузаронии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар доираи лоиҳаи “Раванди тавонмандсозии самарабахши Нақшаи миллии мутобиқшавӣ дар Тоҷикистон” барои аъзои Маркази омӯзишӣи экологӣ барои дӯстдорони табиат ва клуби эковолонтёрони Кумита семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Ёдовар бояд шуд, ки лоиҳаи болозикр бо дастгирии Фонди иқлими сабз ва Барномаи рушди СММ ҷиҳати иҷрои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои то соли 2030 амалӣ гардида, ба кормандону мутахассисони вазорату идораҳои давлатӣ ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ равона гардидааст.
Мутахассиси Маркази татбиқи лоиҳаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист Орзу Одинаев ба иштирокчиён доир ба моҳияти тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он маълумот дод.
Сипас бо мақсади муайян кардани донишҳои азхуднамуда ва дарки мавзуъ иштирокчиён ба иҷрои вазифаи гуруҳӣ пардохтанд. Вазифаи гуруҳиро махсусан хонандагони литсеи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе сарбаландона фаъолона иҷро намуда, бо рӯнамо ва посухҳои муносиб собит намуданд, ки мавзуи мутобиқшави ба тағйирёбии иқлимро дуруст азбар намудаанд. Онҳо ҳавасмандии худро барои иштирок дар чорабиниҳои амалии мутобиқшавӣ изҳор доштанд.