Аз 24 феврал то 4 марти соли 2026 дар доираи лоиҳаи дастгирии татбиқи Нақшаи миллии мутобиқшавии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Фонди сабзи иқлим маблағгузорӣ шуда, бо дастгирии Барномаи рушди СММ (ПРООН) амалӣ мегардад, дар 10 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Ваҳдат намоишгоҳ - викторинаҳо баргузор гардиданд.
Ба хонандагон маводҳои иттилоотӣ оид ба сабабҳо ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим, инчунин роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим пешниҳод карда шуданд. Дар доираи чорабиниҳо викторина баргузор гардид, ки дар он хонандагон тавонистанд дониши худро санҷанд ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Чунин ташаббусҳо ба баланд бардоштани саводнокии экологӣ-и хонандагон ва ташаккули муносибати масъулиятнок нисбат ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим равона шудаанд.