10 марти соли 2026 дар назди раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ҷаласаи назораӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа фаъолияти Кумита дар моҳи феврали соли ҷорӣ ва масъалҳои дигари ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла аз рӯи масъалаи рӯзнома сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, гидрометеорология ва кадастр Ибодуллои Маҳмадулло ба таври мушаххас ҳисобот дода, фаъолияти давраинаи сарраёсатҳо, раёсату шуъбаҳо ва маркаҳу муассисаҳои системаи соҳавиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Пас оз дар ин робита аз ҷониби раиси Кумита Шерализода Б. А. ба масъулини иҷро пурсишҳо ба амал оварда, ҳамзамон баҳри беҳдошти сифати иҷро супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ҷаласа ҳамзамон, оид ба ҷамъбасти мукаммалу саривақтии иҷроиши саривақтиву босифати супоришҳо, ҷалб эковолонтёрон ба масъалаҳои соҳавӣ, омодагӣ ба ҷашну идҳои дарпешистода, натиҷагирии фаъолияти Кумита ва зерсохтори он дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ, масъалаҳои даигари соҳавӣ ба масъулони соҳавӣ супоришҳо дода шуданд.
Дар охир бо назардошти ироаи ҳисоботҳо, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда, қарори протоколи ҷаласаи назоратии Кумита қабул гаршт, ки барои чораҷӯӣ ба масъулони соҳавӣ фиристода мешаванд.