Санаи 9 марти соли 2026 дар шаҳри Манчестери Британияи Кабир семинари омӯзишию амалӣ оид ба сифати ҳаво дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид. Даври аввали омӯзиши мазкур дар Донишгоҳи Манчестер баргузор гардид, ки дар он мутахассисону коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок варзиданд.
Ҳадафи асосии семинари омӯзиши тақвияти дониш ва малакаҳои техникӣ дар соҳаи мониторинги сифати ҳаво, дастгирии рушди имкониятҳои лабораторияҳои миллии сифати ҳаво ва мубодилаи донишу таҷриба байни муассисаҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир ва мутахассисони ин соҳа мебошад.
Дар ҷараёни баргузории семинар сардори Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумита, Қаландарзода Абдуқаюм Ҷафар дар мавзӯи «Мониторинги сифати ҳаво дар Тоҷикистон» баромад намуда, доир ба имкониятҳои техникӣ, дастовардҳо ва ҳадафҳои минбаъдаи кишвар дар самти беҳдошти сифати ҳавои атмосфера ибрози андеша намуданд.
Қобили зикр аст, ки семинари омӯзиши дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии бонуфузи шаҳрҳои Йорк ва Лондони Британияи Кабир идома хоҳад ёфт.