Ҳамкорони азиз,
Хурсандибахш аст, ки дар баробари фаро расидани фасли зебову дилрабои баҳори нозанин мардуми шарифи Тоҷикистон ду санаи муқаддас, яке Рӯзи Модар ва дигар Наврӯзи хуҷастапайро бо суруру шодмонии зиёд истиқбол менамоянд.
Рӯзи Модар ин ҷашни бузургдошти зан-модар, рамзи муҳаббат, садоқат, меҳрубонӣ ва сарчашмаи зиндагӣ мебошад. Модар бо қалби пур аз меҳру муҳаббат, бо дуоҳои нек ва заҳмати шабонарӯзии худ ҷомеаро неру мебахшад ва наслҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки бо сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Имрӯз занон чӣ дар парламент, чӣ дар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҳамчун мутахассисони кордону соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд, онҳо сарварии вазоратҳо, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои давлатиро ба уҳда доранд.
Қобили зикр аст, ки мавқеи занону бонувон дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ низ басо арзанда мебошад. Саҳми онҳо дар татбиқи барномаҳои соҳавӣ, ҳифзу нигоҳдории табиат ва ноил гардидан ба дастовардҳои муҳими соҳа назаррас буда, бо масъулият ва садоқати касбӣ рисолати худро иҷро менамоянд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамаи модарону бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрику муборакбод намуда, ба онҳо сарбаландиву шодкомӣ, пирӯзиву хушрӯзӣ ва зиндагонии арзандаро орзумандам.
Идатон муборак бод, модарону хоҳарони азиз!