6 марти соли равон дар маҷлисгоҳи бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Чорабиниро раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ифтитоҳ намуда, дар сухани табрикотии худ занону модарон ва бонувонро ба муносибати ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуд. Зимни суханони табрикотӣ, аз ҷумла қайд гардид, ки Рӯзи Модар ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор таҷлил мегардад ва ин айём рамзи эҳёву шукуфоии табиат ва оғози ҷашни байналмилалии Наврӯз мебошад. Раиси Кумита нақши арзанда ва саҳми назарраси занону модаронро дар рушди ҷомеа ва пешбурди фаъолияти соҳаи ҳифзи муҳити зист муҳим арзёбӣ намуда, ба бонувони Кумита сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, саодати рӯзгор ва муваффақиятҳои нав дар фаъолияти хизматӣ орзу намуданд.
Қобили зикри хос аст, ки занону модарон зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, сол аз сол шароиту имкониятҳои беҳтарин барои кору таҳсили онҳо дар ҷумҳурӣ фароҳам оварда шуда истодааст.
Дар идомаи чорабинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо бо сухани табрикотӣ занону модаронро табрик гуфта, зимнан аз мақому манзалати баланди зан дар ҷомеа ва нақши муҳими онҳо дар тарбияи насли солиму ватандӯст ёдовар шуд. Изҳор дошта шуд, ки занону модарон ҳамчун рамзи меҳру муҳаббат ва сарчашмаи гармии хонадон дар пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамчунин, намояндаи Шурои занони Кумита Сайдамирова Ситора суханронӣ намуда, аз номи бонувон мақомоти соҳавӣ ба Роҳбари Олии кишвар ва роҳбарияти Кумита барои таваҷҷуҳ ва дастгирии доимӣ нисбат ба занон ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият изҳори сипосу миннатдорӣ баён кард.
Дар идомаи чорабинӣ ба ҳамаи занони Кумита ба муносибати Рӯзи Модар гулҳои баҳорӣ, туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуданд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ, дар рӯҳияи эҳтиром ба Зан - Модар, рамзи баҳору зебоӣ, зиннатбахшандаи зиндагӣ, дилгармӣ ба эҳёи табиат ва Наврӯз баргузор гардид.