Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат миллй – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олй ироа гардидаанд, инчунин бо мақсади иҷрои “Барномаи давлати кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2040”, ҷиҳати сабзу хуррамгардонии муҳити зист дар шаҳри Исфара маъракаи ниҳолшинонй баргузор гардид.
Дар маърака раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, раиси шаҳри исфара Шарифчон Ҷумъазода ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Суҳроб Холзода иштирок намуданд.
Дар ҷараёни чорабинй дар мавзеи Нурафшон, шоҳроҳи Исфара ва боғи фарҳангиву фароғатй дар маҷмӯъ 1200 беҳ ниҳолҳои ороишй, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуд.
Ҳамзамон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва раиси шаҳри Исфара Шарифчон Ҷумъазода аз ниҳолхонаи бахши ҳифзи муҳити зист боздид ба амал оварданд.
Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист, ниҳолхона дар масоҳати 1 гектар ташкил гардида, то имруз дар он 28 ҳазор беҳ ниҳолҳои сояафкану ороишй парвариш карда мешаванд.