28 феврали соли ҷорӣ дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободониву сабзгардонӣ бо маром идома ёфтанд. Дар ин замина, дар шаҳраки Зарафшон-2-и Ҷамоати шаҳраки Зарафшон чорабинии навбатии ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар рафти маърака раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ва сокинони фаъоли маҳаллӣ иштирок намуда, саҳми худро дар зебо гардонидани муҳит гузоштанд.
Бо ташаббус ва дастгирии Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия барои гузаронидани чорабинӣ 500 бех ниҳоли сӯзанбарги навъҳои туякӣ ва маҷавеллик ҷудо карда шуд. Иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ба шинонидани ниҳолҳо машғул гардида, дар беҳтарсозии фазои экологии маҳал саҳм гузоштанд.
Қобили зикр аст, ки чунин иқдомҳо дар чорчӯби татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ мешаванд. Барномаи мазкур бар асоси ҳидоятҳо ва супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 баён гардиданд, таҳия ва мавриди амал қарор гирифтааст.
Ҳамзамон, дар ҳамин рӯз дар мавзеи дашти Похути Ҷамоати деҳоти Рарз 2000 бех ниҳоли қарағоҷ шинонида шуд. Илова бар ин, ҳайати шахсии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар заминҳои хоҷагии ёрирасони худ 400 бех ниҳоли мевадиҳандаи себ ва зардолуро ба замин шинониданд.