28-уми феврали соли равон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бо иштироки масъулини воломақом - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур доираи васеи кормандону мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист, кумитаҳои иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳизбӣ, инчунин сокинони ҷамоат фаъолона иштирок намуда, ба таври дастаҷамъона дар қисматҳои таллу теппаҳо зиёда аз 1500 бех ниҳоли хушсифати навъи ҳамешасабз шинониданд.
Зимни суханронӣ масъулини воломақом ҳифзи муҳити зистро яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ дар ин самт, аз ҷумла тавассути чунин иқдомҳои дастаҷамъона, заминаи мусоидро барои таъмини рушди устувор, беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги экологии аҳолӣ фароҳам меорад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист татбиқи тадбирҳои амалии дастаҷамъонаи мақсаднок, аз ҷумла маъракаҳои кабудизоркуниро минбаъд низ идома дода, ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ, густариши корҳои ободониву сабзгардонӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ хоҳад намуд