Бо мақсади риояи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ, аз ҷониби нозирони соҳавӣ дар шаҳри Ваҳдат амалиёти назоратии навбатӣ гузаронида шуд.
Дар ҷараёни амалиёт ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи манбаъҳои обӣ ва ифлоскунии муҳити зист ошкор карда шуд. Аз ҷумла, Тоҷиддинов Муҳаммади Музафарович бе гирифтани иҷозати расмӣ ба пармакунии худсаронаи чоҳи обгирӣ дар назди бинои навсохти баландошёнаи истиқомати воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Ваҳдат машғул буд. Ин амал на танҳо қонуншиканӣ ба ҳисоб меравад, балки метавонад ба пастравии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва мувозинати экологӣ таъсири манфӣ расонад.
Бо назардошти чунин қонунвайронкунӣ нисбати шаҳрванд Тоҷиддинов Муҳаммади Музафарович протоколи маъмурӣ тибқи талаботи моддаи 179 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шуда, масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаҳрвандонро даъват мекунад, ки дар истифодаи манбаъҳои табиӣ масъулиятшинос ва барои ҳифзи муҳити зист саҳмгузор бошанд!