Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи қонунгузории соҳавӣ дар самти ҳифзи олами наботот ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии растаниҳои худрӯй, аз тарафи кормандони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ амалиёти фаврӣ анҷом дода шуда, зимни баргузории чорабинӣ ҳолати решакан намудани гулҳои худрӯйи «сиягӯш» ва омодасозии онҳо барои ба фурӯш баровардан ошкор гардид.
Кормандони Раёсат фавран дахолат намуда, қонуншиканиро пешгирӣ намуда, бо дарназардошти вазъият, бо шаҳрвандони мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Ба онҳо талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи растаниҳои нодир, масъулияти ҳуқуқӣ барои ҷамъоварӣ ва фурӯши ғайриқонунии онҳо, инчунин аҳаммияти экологӣ ва зарурати ҳифзи гуногунии биологӣ шарҳ дода шуд.
Мақомоти ҳифзи муҳити зист таъкид менамояд, ки ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла растаниҳои худрӯй, масъулияти муштараки ҷомеа мебошад. Пешгирии чунин ҳолатҳо ба нигоҳдории тавозуни экологӣ ва ҳифзи мероси табиии кишвар мусоидат менамояд.