26 феврали соли 2026 аъзои маҳфили экожурналистон ва эковолонтёрон аз хоҷагии ниҳолпарварии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид онҳо бо фаъолияти хоҷагӣ, раванди парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии ниҳолпарварӣ соли 2025 дар масоҳати 5 гектар таъсис гардида, айни замон зиёда аз 25 000 бех ниҳол парвариш ёфта истодааст.
Дар хоҷагӣ беш аз 15 намуд ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан парвариш карда мешаванд, ки онҳо барои сабзкорӣ ва ободонии шаҳру ноҳияҳои кишвар пешбинӣ гардидаанд. Хоҷагии ниҳолпарварӣ яке аз заминаҳои муҳими таъмини ниҳол барои маъракаи ниҳолшинонӣ буда, дар беҳтарсозии вазъи экологӣ ва афзоиши майдонҳои сабз нақши муассир дорад.