Дар Гулистон, ҳамчун шаҳре, ки дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» бисёр минтақаҳои истироҳатӣ дорад аз миқёси ҷумҳурӣ ва аз он берун, давлатҳои дуру наздик дар давраи истироҳати фасли тобистон миқдори зиёди сайёҳон ташриф меоранд. Бо ин сабаб ҳар ҳафта бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳр дар минтақаҳои гуногун аксияҳои экологӣ ва дигар чорабиниҳои ба ободонӣ равонгардида гузаронида мешаванд.
Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон бо иштироки 100 нафар шаҳрвандон аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ»-ро ташкил намуд, ки дар доираи онҳо 3,7 км қади роҳ тоза ва 4 метри мукааб партовҳо ҷамъоварӣ карда шуданд.
Ғайр аз ин, дар қароргоҳи шаҳри Гулистон, ки наздикии МД «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир шудааст, корҳои кабудизоркунии саҳни бино ва ҳудуд бо шинонидани ниҳолҳои намуди гуногуни дарахтони ҳамешасабз амалӣ гардида истодааст.
Дар маъракаи ниҳолшинонии рӯзҳои охир дар қароргоҳи мазкур баргузоргардида, 1000 бех ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан шинонида аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд таъмин карда шуданд.