Ҳаракати волонтёрӣ дар ҷомеаи мо солҳои охир рушд намуда, дар маҳфилҳои волонтёрӣ наврасону ҷавонони хайрхоҳ гирд омада, онҳо бо дӯстиву рафоқат дар ободии Ватан саҳмгузорӣ менамоянд.
Таъсис ёфтани Клуби волонтёрони экологӣ ва Маркази табиатдӯстони ҷавон дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои ҷавонону наврасони фаъолу ташаббускор як имкони фарохи ташаккули малакаву маҳоратро фароҳам меорад.
Ба аъзогии клуби волонтёрони экологӣ дар соли 2026 хонандагони литсеи №3 ш. Душанбе ҳавасмандии хешро зоҳир намуданд. Дар маъракаи ниҳолшиноние, ки рӯзи 18 феврали соли ҷорӣ бо иқдоми Кумита дар мавзеи Зайнаббибии шаҳри Душанбе баргузор гардид, 12 нафар мактаббачагони Литсеи №3 хонандагони болаёқати ш. Душанбе бо ҳамроҳии муаллими экология ба таври фаъолона иштирок намуданд.
Рӯзи 19 феврал чунин маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ низ аъзои клуби волонтёрони экологӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино бо иштироки фаъолонаашон дар амалӣ гаштани Барномаи давлатии кабудизоркунӣ то соли 2040 ҳиссаи худро гузоштанд.
Аъзоёни клуби волонтёрони экологӣ тасмим доранд, ки на танҳо дар аксияи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ, балки дар аксияҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил”, “Як рӯзи бидуни истифодаи пакетҳои пластикӣ” фаъолона иштирок намуда, ҳисси баланди ватандӯстиву табиатдӯстӣ аз худ нишон диҳанд.