Дар паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон Созмони Миллали Муттаҳид бо дарназардошти масъалаи гармшавии иқлим солҳои 2025–2034-ро «Даҳсолаи байналмилалии илмҳои криосфера» эълон намуд. Ҷиҳати амалишавии ташаббуси зикршуда дар Тоҷикистон тадбирҳои зиёде роҳандозӣ гардида истодааст.
Воқеан, гармшавии иқлим яке аз мушкилоти глобалии экологӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Бо мақсади андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи давлатии кабудизоркунӣ мавриди амал қарор дода шудааст. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла пойтахт, раванди сабзгардонии шаҳраку маҳаллаҳо ва талу теппаҳо тақвият ёфта истодааст.
Бо дастгирӣ аз сабзгардонии пойтахт ва ба шаҳри сабз табдил додани шаҳри Душанбе, дар доираи тасмими роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими ниҳолшинонии тирамоҳи соли 2025 ва баҳори соли 2026 дар ҳудуди МД Боғи «Ғалаба» ва ҷангалҳои шаҳри Душанбе 3600 бех ниҳоли ороишии навъи санавбар шинонида шуд.
Дар доираи вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ ва ниҳолшинонӣ роҳандозӣ карда шуданд.