Дар асоси нақшаи корӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои нимсолаи якуми соли 2026 нозирони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт ва Тоҷикобод амалиётҳои назоратӣ гузарониданд.
Дар натиҷа 12 ҳолати вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ошкор гардида, нисбати шахсони масъул протокол тартиб дода шуд.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Рашт як ҳолати шикори ғайриқонунии кабк ошкор гардида, як адад яроқи шикорӣ ва 5 адад кабк мусодира карда шуд. Илова бар ин, 60 адад кабки зинда мусодира гардида, барои нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир карда шуданд.
Бо мақсади пешгирии шикори ғайриқонунӣ бо 280 нафар шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.