Дар ҳудуди Резервати биосферии «Ромит» маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ 1500 бех ниҳол шинонида шуд, ки ба беҳдошти муҳити зист ва ҳифзи табиати минтақа мусоидат менамояд.
Дар ин иқдоми муҳим муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Лоиқ Раҳмонзода, муовини якуми раиси шаҳри Ваҳдат Холиқзода Давлат, инчунин кормандони Кумита, масъулони резерват ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Чунин ташаббусҳо дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва сабзгардонии кишвар аҳаммияти калон дошта, барои нигоҳдории гуногунрангӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Бояд гуфт, ки ҳифзи табиат вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, саҳмгузорӣ дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ омили муҳими таъмини муҳити солим барои наслҳои оянда мебошад.
Маъракаи мазкур дар фазои ҳамбастагӣ ва рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ баргузор гардида, қадами навбатӣ дар роҳи ободонӣ ва сабзгардонии минтақа ба ҳисоб меравад.