12-13 феврали соли 2026 - ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода дар машварати техникии омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ (РЭС-2026) дар шаҳри Остона иштирок намуданд. Чорабинӣ бо дастгирии Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон ва ЮНИСЕФ (UNICEF) ташкил гардида, ба масъалаҳои ҳифзи кӯдакон, ҷавонон ва тағйирёбии иқлим бахшида шуд. Дар рафти сессияҳо Лоиқ Раҳмонзода авлавиятҳои миллии Тоҷикистонро дар самти Саҳми дар Сатҳи Миллӣ Муайяншуда (СММ 3.0/ОНУВ 3.0) муаррифӣ намуд.
Дар ҳошияи сафар мулоқоти дуҷонибаи муовини раиси Кумита бо Мария Осбек, Сармушовир оид ба иқлим ва муҳити зисти Дафтари минтақавии ЮНИСЕФ дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ҷонибҳо нақши ҷавонон ва аҳаммиятнокии маорифро дар контексти ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон муфассал муҳокима намуданд.
Барномаи сафар ҳамчунин иштироки фаъолро дар раванди омодагӣ ба Саммити дарпешистодаи РЭС-2026 дар бар гирифт, ки дар ҷараёни он барномаи чорабиниҳои сатҳи баланд ва панелҳои мубоҳисавии ҳошиявӣ баррасӣ шуданд. Бо мақсади шиносоии наздик бо инфрасохтори форум, ҳайат аз Маркази конгресс ва майдончаи намоишгоҳи РЭС-2026 боздид ба амал овард. Ҳангоми азназаргузаронии ҳудуди намоишгоҳ ҷонибҳо масъалаҳои таъминоти техникӣ ва ташкили павилонҳои миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқотҳо ҷонибҳо муҳиммияти ҳамкориҳои минбаъдаро дар доираи омодагӣ ба РЭС-2026 таъкид намуда, ба ҳамгироии масъалаҳои маориф ва иштироки фаъоли ҷавонон дар рӯзномаи иқлимии минтақа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.