12 феврал бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар ноҳияи Данғара маъракаи кабудизоркунӣ баргузор гардид.
Дар канори шоҳроҳи Данғара - Душанбе зиёда аз 4000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуданд. Назорати нигоҳубини ниҳолҳо ба сохторҳои масъул вогузор карда шуд.
Дар доираи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ дар вилояти Хатлон барои соли 2026 шинонидани 600 ҳазор бех дарахт ва беш аз 9 миллион гулу бутта ба нақша гирифта шудааст.