Ҳамасола 12 феврал Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки замина барои терроризм мегардад, таҷлил карда шуда, дар ин замина корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ алайҳи ин зуҳуроти хатарзо роҳандозӣ мешаванд.
Бо ҳамин мақсад 6-уми феврали соли ҷорӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тарғиботӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастр Ибодуллои Маҳмадулло, сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқӣ Солеҳзода Зуҳро ва раиси ҷавонони Кумита Файзуллозода Хайрулло дар мавзуъҳои марбут ба пешгирии экстремизм ва терроризм суханронӣ намуданд.
Ҳадафи баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандон ва ҷавонон, таҳкими тафаккури солим ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти ифротгароёна дар ҷомеа буда, он бо даъват ба сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳусни анҷом ёфт.