Моҳи январи соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати экология ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти «Ҳавои тоза» баргузор гардид.
Амалиёти мазкур дар асоси Нақшаи кори Кумита барои нимсолаи якуми соли 2026, бо мақсади беҳтар намудани сифати ҳавои атмосфера ва тақвияти фаъолияти самараноки давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баргузор карда шуд. Дар ҷараёни амалиёт нисбати 7 нафар ронандагон, ки воситаҳои нақлиёти худро аз муоинаи ҳатмии техникӣ нагузаронида буданд ва меъёри партови моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера зиёд намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Ҳамзамон, дар рафти амалиёт бо ронандагони воситаҳои нақлиёт ҷиҳати риояи меъёру талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва қоидаҳои шаҳрдорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.