31 январи соли 2026 дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, вазорату идораҳои дигари ҷумҳурӣ таҷлил гардид.
Дар чорабинии мазкур баробари вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо дастовардҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мисоли шиору овезаҳо, расму мусаввараҳои, тарғиботӣ оид ба ташаббусҳои вобаста ба обу иқлим, табиати нотакрори кӯҳсори Ватан, аз ҷумла обу дарёҳо, пиряху ҳайвоноти нодири он, техника ва лабораторияҳои сайёр аз Агентии обуҳавошиносӣ барои ченкунии вазъи обу ҳаво ва пиряхҳо, дигар дастовардҳои соҳавӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар намоишгоҳ дар баробари афухтани гулхани ҷашни Сада, пешниҳоди ҳунарҳои марумӣ ва ғайра, инчунин ниҳолҳои ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ баҳри беҳдошти фазои муҳити зист ва дигар маҳсулотии табиии аз ҷиҳати экологӣ солим ба намоиш ва фурӯш гузошта шуд.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимтарини ниёгонамон буда, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ бо махсусиятҳову вижагиҳои худ дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин тамоюл муаррифгари бештари кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.