30 январи соли 2026 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист” доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 доир гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми раиси Кумита Исфандиёр Шукурзода, мудири шуъбаи иттилоот ва тарғиботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гадоев Абдурасул ва сарпарасти ташкилоти ҳизбӣ Сафарзода Ш. иштирок намуданд.
Доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидои ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист” дар соли 2025 ва вазифаҳои минбаъда ҳисоботи муовини раиси Ташкилоти ҳизбӣ Шерматов Хусрав шунида шуд.
Ҳамзамон, оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардида буданд, муовини сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерии Кумита Ибодулло Сангов суханронӣ намуда, мазмуну муҳтавои ин ҳуҷҷати муҳими давлатиро шарҳу маъниндод кард.
Дар фарҷоми ҷаласа доир ба нақшаи фаъолияти кори Ташкилоти ҳизбии “Ҳифзи муҳити зист барои соли 2026”, нақшаи чорабиниҳо доир ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дигар масъалаҳо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.