Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо бо мақсади ҷамъбасти соли 2025 санаи 29 январи соли 2026 дар бинои марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур хабарнигорон аз шабакаҳои телевизиону радио, нашрияҳои давлативу мустақил иштирок доштанд.
Дар оғози нишаст аз ҷониби раиси Кумита оид ба самтҳои муҳимтарини фаъолияти соҳавӣ, аз ҷумла рафти иҷрои Нақшаҳои амал, Барномаҳои давлатию соҳавӣ, дар самти ҳифзи муҳити зист, пешбурди назорати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, амалигардонии чорабиниҳои дигари соҳавӣ ба таври фишурда маълумот дода шуд.
Сипас, дар бахши саволу ҷавоб хабарнигорон бештар ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла таҳия ва қабули Кодекси экологӣ, рафти иҷрои алоҳида Барномаҳои давлатии соҳавӣ, аз ҷумла Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхо, Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои солҳои то 2040; рафти ниҳолшинонӣ, интихоб ва афзалият ба намуди ниҳолҳо, сабзиш ва тадбирҳо оид ба пешгирӣ аз хушкшавии навниҳолон, омодагиҳо ба Конфронси навбатии байналмилалии сатҳи баланд, ки дар доираи ҳадафҳои Даҳолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳифзу ҳолати кунунии экологии мамнуъгоҳҳо, аз ҷумла Резервати биосферии “Ромит”, вазъи ҳавои атмосфера дар ҷумҳурӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба суръати обшавии пиряхҳо, тадбирҳо оид ба пешгирӣ аз сар садани офатҳои табиӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳо дар самти тағйирёбии иқлим ва доир ба масъалаҳои дигари экологӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист Алишер Самиев дар нишасти матбуотии Кумита иштирок намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ раиси Кумита, муовини якум, муовин, масъулони Агентии обуҳавошиносӣ, Муассисаи давлатии “Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда”, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои дигари Кумита иштирок намуда, ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас доданд.