Кумита бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Роҳбари Олии давлату Ҳукумат дар ҳамбастагӣ бо мақомоти давлатӣ фаъолияти худро ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, назорати давлатӣ, вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби бештари маблағҳои сармоягузорӣ, таҳкими рақамикунонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ роҳандозӣ намуда, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Дар соли 2025 бо мақсади такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ бо пешниҳоди Кумита 7 лоиҳаҳои қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардиданд.
Доир ба амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба соли 2025, ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби Кумита корҳои муайяне ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2025 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария, дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO), бо иштироки ҳайати кишвар маросими ифтитоҳи расмии «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор гардид. Ҳамзамон, моҳи марти соли 2025 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ва дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж нахустин «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» бо иштироки намояндагони мамлакат таҷлил карда шуд. Нахустин таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» дар кишвар 22 марти соли 2025 дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар муҳтарам Дилрабо Мансурӣ бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳо ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон гузаронида шуд.
Моҳи майи соли 2025 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад ва зиёда аз 2600 нафар коршиносони сатҳи баланд аз 90 кишвари ҷаҳон, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳо ва шарикони рушд баргузор шуд. Инчунин, бо мақсади муаррифии фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳии кишвар дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мавзеи «Шаршара»-и пойтахт «Фестивали пиряхҳо» дар сатҳи баланд баргузор гашт.
Яке аз натиҷаҳои асосии Конфронси мазкур қабули Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо буд, ки он ҳамчун санади расмии Маҷмаи Умумии СММ миёни кишварҳои узв паҳн гардид. Зарурати ба рӯзномаи глобалӣ ворид намудани масъалаи ҳифзи пиряхҳо, идомаи Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ҷалби бештари маблағгузорӣ дар ин самт мебошад. Бо ин мақсад дар ҳошияи конфронс Бонки Осиёии Рушд ва Фонди Иқлими Сабз барномаи нави минтақавиро таҳти унвони «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» ба маблағи умумии 3,5 миллиард доллари ИМА муаррифӣ намуданд.
Тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати пешбурди «Рӯзномаи ҷаҳонии пиряхҳо» ва тақвияти иқдомҳои минбаъдаи кишвар дар самти обу иқлим Кумита, ҳамчун мақоми ваколатдори давлатии соҳа дар доираи ҳамкориҳо бо Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP) маводҳоро доир ба қабули қатънома оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера омода ва пешниҳод намуд, ки 12 декабри соли 2025 зимни баргузории Иҷлосияи ҳафтуми Маҷмаи Умумии СММ оид ба муҳити зист (UNEA-7) дар шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения қатънома дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул шуд.
Қобили зикр аст, ки қатъномаи мазкур аҳамияти истисноии сиёсӣ дорад, зеро дар таърихи фаъолияти Маҷмааи СММ оид ба муҳити зист (UNEA) он аввалин ва ягона қатъномаест, ки аз ҷониби давлати Осиёи Марказӣ пешниҳод шудааст. Ҳамзамон, дар ин қатънома «Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо» ба таври мушаххас зикр шуда, нақши кишварро дар баррасии масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар сатҳи ҷаҳонӣ муррифӣ ва барои ҷалби бештари маблағгузорӣ аз фондҳои иқлимӣ доир ба ҳалли масъалаҳои мавриди назар замина мегузорад.
Инчунин, 27-уми сентябри соли 2025 дар ҷаласаи 37-уми Шурои байналмилалии ҳамоҳангсозии Барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера» дар шаҳри Ханчжоуи Чин резервати биосферии «Ромит» расман ба Шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО дохил карда шуд. Ин қарор барои ҳифзи табиати беназири ин минтақаи Тоҷикистон аҳамияти байналмилалӣ дорад.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита ин пешбурди сиёсати давлатии экологӣ ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ мебошад, ки доир ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муайяншуда ҳисоботҳои муфассал пешниҳод карда мешаванд. Аз ҷониби Кумита «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» татбиқ шуда, дар доираи онҳо корҳои мушаххас роҳандозӣ гардидаанд.
Соли 2025 тибқи супоришҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026-2030”, Нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Атласи тағйироти муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарҳи чоруми натиҷаҳои фаъолияти экологии кишвар таҳия шуданд.
Самти дигари муҳими фаъолияти Кумита пешбурди назорати давлатӣ ва риояи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад. Дар доираи амалӣ намудани назорати давлатӣ 21 270 ҳолатҳои вайрон шудани талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ошкор гардид.
Кумита бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии шаҳрвандон ва беҳтар намудани вазъи экологӣ аксияҳоро пайваста мегузаронад. Аз ҷумла, бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ моҳе ду маротиба аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» баргузор гардиданд, ки дар доираи ин чорабиниҳо 584 604 нафар шаҳрвандон ширкат варзида, дар тоза намудани муҳити зист саҳм гузоштанд.
Дар доираи аксияи экологии «Тозагии замин аз пеститсидҳо» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун дар ҳаҷми 5 124 тонна хокҳои заҳролуд ва 45 тонна заҳрхимикатҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ тоза ва дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир карда шуданд.
Фармоишҳои дахлдори раиси Кумита оид ба эълон намудани озмунҳои эҷодӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ байни кормандони воситаҳои ахбори омма ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ моҳи феврали соли 2025 дар мавзуи вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ба тавсиб расида, дар натиҷа онҳо дар арафаи «Рӯзи байналмилалии муҳити зист» ва Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплому ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Бо иқдоми Кумита ҷиҳати муаррифии табиати кишвар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим рӯзҳои 1-3 августи соли 2025 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ниммарафони байналмилалии экологии «Ҳафткӯл» («Seven Lakes») баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён аз ҷумҳурӣ ва як қатор кишварҳои дигар дар масофаҳои 3, 10 ва 21 км байни ҳам рақобат намуданд. Ҳамзамон, дар доираи чорабинии мазкур дар мавзеи «Ҳафткӯл»-и шаҳри Панҷакент бо иштироки варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ аксияи экологии «Тозагии соҳил» ва ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид.
Санаи 17-уми сентябри соли 2025 бинои нави маъмурии Кумита ва ду бинои 11-ошёнаи истиқоматии хизматии Агентии обуҳавошиносии Кумита барои 120 оила ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуданд. Бинои маъмурии Кумита аз 9 ошёна, 94 утоқҳои муосиру барҳаво, 4 толор барои мулоқоту вохӯриҳо, китобхона ва маҷлисгоҳ барои 150 ҷойи нишаст иборат буда, дар боми бино панелҳои офтобӣ бо иқтидори 70 киловатт насб шудаанд. Инчунин, бо мақсади рушди рақамикунонӣ «Маркази рақамикунонӣ ва инноватсияи соҳаи ҳифзи муҳити зист», бо шароиту имкониятҳои мусоиди корӣ ташкил карда шуд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист роҳбарии гурӯҳи кории ҳукуматӣ оид ба омодагӣ барои таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғобро ба уҳда дошта, то ба имрӯз корҳои омодагӣ ва татбиқи иҷрои нақшаи чорабиниҳои дахлдор дар ноҳияи мазкур 75%-ро ташкил дода, корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Дар арафаи таҷлили 28-умин солгарди Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ як зумра иншооти муҳими иҷтимоӣ, тандурустӣ, энергетикӣ ва саноатӣ дар ноҳияи Мурғоб бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуданд.
Кумита ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста чораҳои заруриро андешида истодааст. Кумита барои ташкили ниҳолхонаҳо ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дар маҷмӯъ 63 гектар қитъаҳои замин дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷудо ва ба мақомоти ҳифзи муҳити зист дар маҳалҳо вобаста карда шудааст. Қитъаҳои замини мазкур таворабандӣ гардида, ба миқдори 216 125 бех (қаламча-кучат) навниҳолони дарахту буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда шинонида шуда, инчунин ба миқдори 1818 килограмм тухмии ниҳоли дарахтон кишт карда шудааст.
Ҳамзамон, 26 сентябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориашон ба шаҳри Ваҳдат, дар деҳоти Раҷаб Исмоилов аз нашъунамои дарахтони хоҷагии ниҳолпарварии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади амалишавии «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои то давраи соли 2040» дар масоҳати умуми 5 гектар бо фарогирии беш аз 25 000 бех ниҳолу дарахтони гуногуни ҳамешасабз, сояафкану ороишӣ парвариш карда мешаванд, шинос шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд моҳи декабри соли 2025 барои аҳолии деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон, ки қаблан дар мавзеи осебпазири анборҳои заҳрхимикатҳо зиндагӣ доштанд, иншооти обтаъминкунӣ барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани 1031 нафар аҳолӣ бо иштироки раиси Кумита ва раиси вилояти Хатлон ба истифода дода шуд. Дар ин асно, бо иштироки роҳбарияти Кумита ва Мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод ва шаҳраки Хуррамшаҳри ноҳияи Хуросон зиёда аз 1000 бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.
Кумита дар соли сипаришуда ҳамкориҳои байналмилалиро таҳким бахшида, тибқи розигии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои расмии роҳбарияти Кумита бо намояндагиҳои корпусҳои дипломатӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд доир гардида, аз натиҷаи онҳо дар сомонаи Кумита маълумот ҷойгир карда шуд. 6-7 ноябри соли 2025 дар шаҳри Белеми Бразилия дар «Саммити пешвоёни ҷаҳонӣ оид ба тағйирёбии иқлим», ки яке аз чорабинии муҳими 30-юмин Конфронси тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи тағйирёбии иқлими СММ мебошад, раиси Кумита ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва бо изҳороти расмӣ баромад намуд. Зимни суханронӣ муҳиммият ва зарурияти қабули ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид гашт.
Инчунин, дар доираи чорабинии Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим «Ёддошти тафоҳум» байни Агентии обуҳавошиносии Кумита ва ширкати Ҷопонии «ArkEdge Space Inc» доир ба таҳкими иқтидор, санҷиши фосилавии пиряхҳо, мониторинги тағйирёбии иқлим, газҳои гулхонаӣ ва сифати ҳавои атмосфера имзо шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои муҳим ва стратегияи глобалӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим баргузор гардида, дар рафти он сарони давлатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони экологӣ иштирок намуда, роҳҳои нави ҳамкориро барои расидан ба ҳадафҳои устувории экологӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз 24 ноябр то 5 декабри соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Конфронси 20-уми Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (СИТЕС) баргузор гардид, ки дар он пешниҳоди Тоҷикистон оид ба Кафтори рахдор (полосатая Гиена) бинобар дар ҳолати ҷиддии маҳвшавӣ қарор доштан ба Замимаи 2-и Конвенсияи мазкур ворид карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби маблағгҳои грантӣ доир ба татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи қарори ҷаласаи 43-юми Шурои идоракунандагони Фонди Иқлими Сабз аз 30 октябри соли 2025, баргузории ҷаласаи 45-уми Шурои мазкур аз 29 июн то 2 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.
Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумита ҳамарӯза воридшавии маълумотҳо аз стансияву дидбонгоҳҳои обуҳавосанҷӣ ба Маркази ҷамъоварии маълумотҳо сурат гирифта, аз ҷониби масъулин назорат бурда мешавад. Дар соли гузашта 365 пешгӯиҳои шабонарӯзӣ тартиб дода шуд, ки дурустии миёнаи онҳо 94%-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, 826 ҳолати офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 48 адад камтар мебошад.
Кумита бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати ба роҳ мондани смарт-патрул 20 адад смартфонҳо барои нозирони Резервати биосферии «Ромит» ва мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» дастрас гардид. Ба мамнуъгоҳи табиии давлатии «Дашти Ҷум», 25 адад ратсия, 10 адад дурбин, 10 адад дурбинҳои назоратӣ ва 6 адад дурбинҳои аксбардорӣ харидорӣ ва дастрас шуданд.
Дар доираи ҳамкориҳо бо Барномаи рушди СММ ҷиҳати пешбурди назорат ва мониторингу нигоҳдории гуногунии биологӣ нозирони давлатии мамнуъгоҳҳои «Бешаи палангон», «Дашти Ҷум», Парки табиии «Сарихосор» ва минтақаҳои ҷангалпарварии ноҳияҳои Мӯъминобод, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Норак мототсикл, тракторҳои хурд ва сару либоси махсуси саҳроии мавсимӣ бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуданд. Инчунин, харитаи баландсифати ҷангалзорҳо бо истифода аз системаи иттилоотии ҷуғрофӣ (ГИС) барои мамнуъгоҳи «Дашти Ҷум» ва минтақаи ҷангалпарварии «Дашти Ҷум» таҳия шуда, ба маъмурияти мамнуъгоҳҳо барои корбарӣ дастрас гардиданд.
Нақшаҳои идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар мамнуъгоҳҳои давлатии табиии «Бешаи Палангон», «Зоркӯл», Парки миллии Тоҷикистон ва Парки миллии табиии «Яғноб» таҳия карда шуданд.
Тибқи фармоиши дахлдори Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Дар бораи гузаронидани баҳисобгирии нақшавии саршумори бузи кӯҳии Морхӯр дар соли 2025» дар ноҳияҳои Данғара, Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз аз 14 феврал то 12 марти соли 2025 бо иштироки намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангал ва Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат баҳисобгирии саршумори Морхӯр гузаронида шуд. Баҳисобгирӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир, ки ҳаракати ҳайвонот ва рафтори онҳоро дар муҳити табиӣ бидуни дахолати инсон ба таври дақиқ мушоҳида менамояд, омӯхта шуд.
Баҳисобгирии Марко Поло тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани баҳисобгирии нақшавии саршумори гӯсфанди кӯҳии Марко Поло (архар)» гузаронида шуда, маълумотҳои ҷамъоварда баъд аз коркард ба мутахассисони Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат, ки кишвар аъзои он мебошад, барои омода намудани ҳисобот ирсол гашт. Барои таҳқиқи маълумот намояндагони Иттифоқи байналмилалии ҳифзи табиат дар ҳайати 5 нафар моҳи майи соли 2025 ба ноҳияи Мурғоб сафар намуданд.
Инчунин, соли 2025 бо икдоми Кумита зиёда аз 700 сар парандаи зебои тазавр (фазан) баъд аз парвариш дар минтақаи Исфара-Лаккони вилояти Суғд ҷиҳати зиёд гардидани популятсияи ин намуди парандаи зебо ба табиат сар дода шуданд. Моҳи декабри соли 2025 бо мақсади зиёд намудани захираҳои моҳӣ дар экосистемаҳои обӣ дар обанборҳои «Баҳри Норак» ва «Сарбанд» зиёда аз 2 млн 300 ҳазор моҳичаҳои намуди зағорамоҳӣ, пешонапаҳн ва амури сафед сар дода шуд.
Кумита дар ҳамкорӣ бо олимону коршиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ворид намудани 243 намуди ҳайвонот ва 304 намуди набототи нодири кишвар такмил дода, онро аз чоп баровард.
Самти муҳими фаъолияти Кумита ин гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва иттилоотрасонии экологӣ мебошад. Зимни фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумита тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳрӣ 1 420 маротиба ва тавассути радио 709 маротиба гузоришу барномаҳо пахш гардида, дар рӯзномаҳои даврӣ бошад 544 ахбору гузоришҳо нашр шуданд. Тибқи қарордоди муштарак бо Телевизиони «Сафина» барномаи «Ахбори экологӣ» оид ба мавзуъҳои ҳифзи муҳити зист моҳе 2 маротиба сабт ва ба намоиш гузошта мешавад. Ҳамзамон, 6 шумораи нашрияи расмии Кумита «Инсон ва табиат» мувофиқ ба санаҳои муҳими экологӣ чоп ва дастраси алоқамандон гардонида шуд.
Дар соли сипаригашта, байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла ташкилоту корхонаҳо, табиатистифодабарандагон, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёна, олӣ ва ғайра 202 адад семинару конфронсҳо, 6120 адад суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд. Ҳамзамон, 156 маротиба дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоишгоҳҳои самти экологидошта ва 75 адад озмунҳо баргузор гардиданд.
Саҳифаи Facebook-и Кумита 7 200 нафар обуначӣ дошта, 669 412 нафарро хабарҳои соҳавӣ ба худ ҷалб намуд. Дар давраи ҳисоботӣ 223 адад мавод дар он нашр гардида, бо назардошти тарҷумаҳо бо забони русӣ ва англисӣ 879 ададро ташкил дод. Алоқамандони саҳифаи Facebook-и Кумита дар ин муддат 72% мардон ва 28% занонро дарбар гирифт.
Иқдоми навбатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба таъсиси «Клуби волонтёрони экологӣ» барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва иттилоърасонии экологӣ нақши муҳим мебозад. Дар робита ба ин, соли 2025 Кумита як қатор чорабиниҳои иттилоотӣ ва маърифатиро байни эковолонтёрон роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, семинару вохӯриҳо, аксияҳои экологӣ, маъракаҳои тозакорӣ ва барномаҳои омӯзишӣ бо иштироки эковалантёрон гузаронида шуданд. Фаъоляти эковолонтёрон моҳи декабри соли 2025 натиҷагирӣ карда шуда, беҳтаринҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар соли ҳисоботӣ 83 нафар хизматчиёни давлатии Кумита дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисосро дар мавзуъҳои гуногун гузашта, савияи дониши худро сайқал доданд.
Роҳбарияти Кумита баҳри ҷавонгардонии ҳайат ва ҷалби занон ба мансабҳои хизмати давлатӣ диққати хоса зоҳир намуда, айни ҳол аз 345 нафар хизматчиёни давлатӣ, 122 нафарро (35%) ҷавонони аз 18 то 35-сола ташкил медиҳанд. Инчунин, аз 56 нафар занони дар мансабҳои хизмати давлатӣ фаъолиятдошта, 13 нафари онҳо дар ҳайати роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Кумита фаъолияти худро дар асоси қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пешгирифтаи давлат, дастуру супоришҳои Роҳбари Олии мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баҳри ободу зебо нигоҳ доштани шаҳру деҳоти кишвар, иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо натиҷаҳои дилхоҳи меҳнатӣ ҷамъбаст намудани нақшаю уҳдадориҳои соҳавӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.