19 январи соли 2026 Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумитаи мазкур Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оид ба масъалҳои ҷорӣ ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими фаъолияти Кумита, аз ҷумла риояи интизоми меҳнат; татбиқи нақшаи Кумита вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» (16 декабри соли 2025) ва дастуру супоришҳое, ки зимни мулоқоти Пешвои миллат бо кормандони соҳа санаи 17 сентябри соли 2025 баён гардида буданд; иҷроиш ва ҳисоботи барномаҳои давлатӣ; омодасозии нақшаи кории Кумита барои нимсолаи якуми соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, масъалаҳои омодагӣ ба Конференсияи дарпешистода вобаста ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», чораҷӯӣ оид ба корҳои кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва баргузории аксияҳои экологӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа ба масъалаҳои аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, таҷдиди назар намудани фармоишҳои раиси Кумита вобаста ба комиссияҳои ҷамъиятӣ, таъсиси комиссияи идоравӣ оид ба ҳавасмандгардонии кормандони фаъол, кор бо конвенсияҳои экологӣ ва муроҷиати шаҳрвандон, назорат ва чораҷӯӣ оид ба таҷлили санаҳои экологӣ, иҷроиши саривақтиву босифати супоришҳо, таҳия ва чопи китоб оид ба дастовардҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист дар 35 соли Истиқлолияти давлатӣ, ҷалб ва ҳамкории зич бо нозирони ҷамъиятӣ ва эковолонтёрон, инчунин истифодаи мақсадноки нақлиёти хизматӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Раиси Кумита дар фарҷом таъкид намуд, ки музди меҳнати кормандон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, сол аз сол зиёд гардида истодааст ва соли ҷорӣ низ ба миқдори муайян афзоиш дода шуд. Дар ин замина, зарур дониста шуд, ки ҳар як корманд фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас саҳми арзанда гузорад.