Санаи 14 январи соли ҷорӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Варзоб дар доираи татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, иҷрои Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва Барномаи давлатии кабудизоркунӣ, инчунин ба муносибати эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Маъракаи мазкур дар километри 29-уми шоҳроҳи протоколии Душанбе–Чанок ва талу теппаҳои деҳаи Ҷиринои ноҳияи Варзоб бо иштироки Раиси ноҳия, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои дахлдор ва зиёда аз 160 нафар сокинон баргузор шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ бо риояи талаботи агротехникӣ зиёда аз 710 бех ниҳолҳои арчаи сӯзанбарг шинонида шуда, барои нигоҳубин ва сабзиши минбаъдаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Чорабини мазкур тавассути шабакаи телевизонии «Тоҷикистон» намоиш дода шуд.