7 январи соли 2026 ҷаласаи васеи мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Кумита Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарияти Кумита, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Салим, роҳбарони сохторҳои марказӣ ва маҳаллии Кумита, муассисаҳо ва ташкилотҳои зертобеъ, инчунин масъулони самтҳои муҳими соҳа иштирок намуданд.
Нахуст раиси Кумита ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз доштанд, ки ҷаласаи мазкур бо мақсади ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2025, баррасии дастовардҳо, таҳлили камбудию мушкилоти ҷойдошта ва муайян намудани вазифаҳои афзалиятнок барои соли 2026 доир мегардад. Таъкид гардид, ки ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, иҷрои босифат ва саривақтии барномаҳою нақшаҳои соҳавӣ масъулияти баланди тамоми сохторҳоро талаб менамояд.
Дар идома муовини якуми раиси Кумита Исфандиёр Шукурзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита ва сохторҳои он дар соли 2025 ҳисоботи муфассали таҳлилӣ пешниҳод намуд. Дар ҳисобот нишон дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Кумита дар самтҳои назорати давлатии экологӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ, беҳдошти ҳолати экологии маҳалҳо, пешгирии қонуншиканиҳо, инчунин татбиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, як қатор натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда бошанд ҳам камбудиҳо низ ҷой дорад.
Сипас ҳисоботи роҳбарони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, шаҳри Душанбе, инчунин шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуд. Дар ҳисоботҳо вазъи экологии минтақаҳо, натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои маҳаллӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва мушкилоти мавҷуда мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин директори Агентии обуҳавошиносӣ, роҳбари Муассисаи давлатии «Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», раёсатҳои дастгоҳи марказии Кумита, марказу муассисаҳои зертобеъ баромад намуда, оид ба самтҳои фаъолияти худ, дастовардҳо, нишондиҳандаҳо ва масъалаҳои ҳалталаб маълумот пешниҳод намуданд. Дар баромадҳо зарурати тақвияти ҳамкорӣ байни сохторҳо, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ таъкид гардид.
Дар фарҷоми ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳа суханронӣ намуда, ба дастовардҳои бадастомада баҳои мусбат доданд. Ҳамзамон, ба як қатор камбудию норасоиҳои мавҷуда ишора карда, барои бартараф намудани онҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки соли 2025 дар маҷмӯъ барои соҳаи ҳифзи муҳити зист соли натиҷабахш арзёбӣ мегардад, вале бо вуҷуди ин, масъулият дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда боз ҳам бештар мегардад. Дар ин замина зикр шуд, ки соли 2026, ки бо таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, бояд бо кӯшишу ғайрати дучанд, ҳамкории зичи байни сохторҳо ва муносибати масъулона ба кор, нишондиҳандаҳои боз ҳам беҳтару назаррас таъмин карда шаванд.